Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Вардак "оташи чирикиҳо" ҷой доштааст


Тирандозӣ дар як посгоҳ дар вилоятии шарқии Вардак ҷамъи низомиҳои кушташудаи Амрико дар 11 соли низоъи Афғонистонро ба 2000 расонд. ISAF гуфт, дар тирандозии шоми шанбе дар Вардак як сарбози Амрико, як хориҷии мулкӣ, ки коргари қарордодӣ буд, ва 3 сарбози афғон ҷон бохтанд. Нирӯҳои эътилоф қаблан гуфта буд, ки бовар меравад, ин амрикоӣ аз тири сарбози афғон кушта шуда бошад, вале баъдан хабар дод, ки зоҳиран дар ин қазия “оташи чирикиҳо” ҷой дорад ва феълан таҳқиқ мешавад. Танҳо дар соли равон бо дасти нирӯҳои амниятии афғон 52 сарбози НАТО кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG