Таҳқиқи қазияи сӯхтори пурқурбонӣ дар як корхонаи коркарди нафт дар вилояти мухтори Хантиву Мансиро муовини додситони кулли Русия Юрий Пономарёв таҳти назорат гирифтааст. Дар ин фалокати рӯзи 29 сентябр 8 нафар ҳалок шуданд. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар ин сӯхтор 5 шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохта, 3 тоҷики дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, иллати сӯхтор таркиши эҳтимолан газ будааст.