Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, сарнавишти нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва масъалаи тақсими об дар Осиёи Марказиро баррасӣ кардааст. Дафтари матбуоти Созмони Милал мегӯяд, дар ин мулоқот дар рӯзи шанбе ду тараф ба зарурати ҳамкориҳои минтақавӣ дар баҳрабардорӣ аз захираҳои оби минтақа таъкид кардаанд. Дар ин мулоқот Бан Ки Мун аз талошҳои Тоҷикистон барои мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ситоиш кардааст. Пештар аз ин мулоқот Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал гуфт, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳаққи ҳалоли Тоҷикистон аст.