Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия рӯзи якшанбе гуфт, даврони табаддулоти низомӣ дар кишвараш ба поён расид ва Туркия як намуна барои кишварҳои мусулмоннишин аст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин бора дар анҷумани Ҳизби Адолат ва Тавсиа сухан гуфт, ки як даҳсола аст, дар Туркия ҳукумат мекунад. Дар замони ҳукумати Эрдуғон ва ҳизбаш, иқтисоди Туркия мунназзам рушд кард ва ин кишвар ба як қудрати минтақавӣ табдил шуд. Ҳизби Адолат ва Тавсиа, ки решаҳои исломӣ дорад, сохти дунявии Туркияро нигаҳ дошт, вале лаҷоми генералҳои қудратмандро кашид, ки аз соли 1960 се маротиба табаддулоти низомӣ карданд ва соли 1997 ҳукумати исломиро аз қудрат ронданд.