Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати Тимошенко ба раъйдиҳандагони Украина


Юлия Тимошенко, пешвои зиндонии мухолифони давлат дар Украина аз раъйдиҳандагон даъват кардааст, ки бо раъйи хеш вакилони Ҳизби Манотиқи раиси ҷумҳур Виктор Януковичро аз порлумон биронанд. Қарор аст, интихоботи порлумонии Украина рӯзи 28 октябр баргузор шавад. Дар як муроҷиатномаи видеоӣ, ки дар торнамои ҳизби мухолифи Баткившчина гузошта шудааст, Юлия Тимошенко аз раъйдиҳандагони Украина мехоҳад, “мафияи ҳоким дар Украинаро, ки ҳуқуқи инсонро нодида мегиранд” аз ҳукумат биронанд. Навори мазкурро дар шифохонае сабт кардаанд, ки онҷо камари Юлия Тимошенко муолиҷа мегирад. Ӯро бо гуноҳи сӯистифода аз мақом моҳи октябри соли гузашта ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG