Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгориҳои бостонии Сурия нобуд мешаванд


Мухолифони давлат мегӯянд, бар асари ҷанги нерӯҳои ҳукуматӣ ва шӯришиён дар шаҳри Ҳалаби Сурия, яке аз маҳалҳои зебо ва бостонии ин шаҳр оташ гирифтааст. Бозору дӯконҳои асримиёнагӣ дар Ҳалаб, ки бузургтарин дар Ховари Миёна ҳастанд, аз маҳаллҳои ҷаззоби саёҳии ин шаҳри бостонии Сурия буданд ва ба гуфтаи Аҳмад Ал-Ҳалабӣ яке аз мухолифини давлат шаби гузашта қисмате бисёре аз ин дӯконҳо сӯхтаанд. Рӯзи саввум аст, ки шӯришиёни Сурия барои ишғоли Ҳалаб бузургтарин шаҳри кишвар талош доранд. Ба гуфтаи Маркази нозири ҳуқуқи инсон дар Сурия, ки қароргоҳаш дар Лондон аст, рӯзи ҷумъа дар ҷангҳо дар саросари Сурия дасти кам 117 нафар кушта шудаанд ва 71 нафари онҳо ғайринизомиён буданд.
XS
SM
MD
LG