Миллиардери рус ва мунтақиди Кремл Александр Лебедев ба “авбошӣ” ва “таҳқир” айбдор шуд. Агар ин иттиҳом дайн шавад, Лебедевро метавонанд то 5 сол маҳкум ба зиндон кунанд. Муфаттишон мегӯянд, Лебедев як сол пеш дар як барномаи телевизионӣ стакани шарбатро башаст ба тарафи Сергей Полонский, раҳбари ширкати “Миракс” андохт ва ба ӯ осеб расонд. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Лебедев баъди ҳамин қазия боз шуд. Полонский алайҳи Лебедев бо талаби ҷуброн ва узрхоҳӣ ба додгоҳи Лондон ҳам шикоят бурдааст.