Пайвандҳои дастрасӣ

Корпартоии 24-соата дар Юнон


Юнониҳо имрӯз ба нишони эътироз ба силсилаи ахири коҳиши масрафоти давлатӣ даст ба корпартоӣ заданд. Имрӯз ҳудуди 20 000 нафар ба кӯчаҳои Афина рехтанд. Дар маркази пойтахти Юнон ҳазорон афсари пулис низ мустақар шудаанд. Корпартоии 24-соата бо даъвати ду иттифоқи бузурги касаба боиси қатъи парвозҳову ҳаракати қаторҳову паромҳо шуд ва мактабҳову бемористонҳо низ баста шудаанд. Коҳиши бештари хароҷот як шарти ироаи бастаи навбатии кумакҳои молии ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба Юнон аст, ки барои раҳоӣ аз варшикастагӣ ба он ниёз дорад. Юнон аз моҳи майи соли 2010 барои рафъи буҳрони қарзҳояш, ки ба суботи евро таҳдид мекунад, алакай 230 миллиард евро кумаки молӣ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG