Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Радиои «Муҳоҷир» дар Тоҷикистон шунида намешавад


Пахши барномаҳои интернетрадиои «Муҳоҷир» дар қаламрави Тоҷикистон инконнопазир шудааст.

Мирзосолеҳ Қаландаров, як шунавандаи радиои «Муҳоҷир» рӯзи чоршанбе ба радиои Озодӣ дар тамос шуд ва гуфт, ки аз 25-уми сентябр ба ин тараф наметавонад аз тариқи интернет барномаҳои ин радиоро гӯш кунад.

Як мақоми Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо назардошти адреси интернети «Муҳоҷир» гуфт, ки дар қаламрави Тоҷикистон масдуд кардани он имконпазир нест ва сабаби онро бояд дар Русия ҷустҷӯ кард.

Интерент радиои «Муҳоҷир» дар миёнаҳои моҳи сентябр бо кӯшиши як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик дар Маскав роҳандозӣ шудааст.

Тоҳир Ҳамдамов, муассиси ин радио дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» дар охирҳои ҳафтаи гузашта эҳтимоли фишори мақомоти Русия ба фаъолияти ин радиоро рад карда буд. Вай гуфт, ки ин ҳамагӣ як интенетрадио буда, дар он аслан таронаҳои овозхонҳои Тоҷикистон пахш мешавад.

Зимнан, ҳуқуқшиноси Бунёди дифоъ аз озодии баён Светлана Земскова ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки интернет радиои «Муҳоҷир»-ро намешавад ба унвони як радиои қабул кард, зеро барои пеш бурдани фаъолияти радио дар Русия, ҳатман муҷаввиз, оиннома ва мавҷи пахши барномаҳо радиоӣ зарур аст. Ба назари ин ҳуқуқшинос, то андозае масъулони радиои «Муҳоҷир», қонунҳои Русияро нақз кардаанд.
XS
SM
MD
LG