Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амири Қатар хостори вуруди нерӯҳои арабӣ ба Сурия шуд


Амири Қатар изҳор намуд, ки давлатҳои арабӣ ба хотири хатми хунрезӣ дар Сурия бояд нерӯҳояшонро вориди ин кишвар кунанд.

Изҳороти Шайх Аҳмад бини Халифа ал-Танӣ дар иҷлосияи Маҷмааи умумии СММ дар Ню-Йорк садо дод. Ба гуфтаи раҳбари Қатар, Шӯрои амният дар мавриди роҳҳои аз байн бурдани низоъ дар Сурия ба созиш нарасид. Шайх Аҳмад бини Халифа ал-Танӣ ёдрас шуд, ки солҳои 70-ум кишварҳои арабӣ нерӯи низомии худро барои хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Лубнон истифода карда буданд.

Сурия ва чанд кишвари дигар Қатарро барои пуштибонӣ ва таъмини ошӯбгарони суриягӣ бо силоҳ маҳкум мекунанд.
XS
SM
MD
LG