Хуршеди Атовулло, муассис ва сардабири нашрияи "Фараж" ба Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳи барвақти 24-уми сентябр торнамои онҳо боз намешавад. Ӯ афзуд, дастрасӣ ба ин сайт на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам маҳдуд шудааст.
Вақте аз Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар робита ба масдуд шудани ин торнамо пурсидем, ӯ гуфт, аслан дар ин бора хабар надорад. Ба қавли Зуҳуров, аз ҷониби Хадмоти алоқа барои масдуд кардани торнамои "Фараж" ҳеҷ дастуру амре нашудааст. Ҳамсуҳбати мо афзуд, "вақте баъзе торнамоҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд, фикр мекунанд, ки кори Хадамоти алоқа аст. Ин фикри нодуруст аст."
Торнамои "Фараж" дар моҳи декабри соли 2011-ум фаъол шуда буд ва дар он хабару мақолаҳо ва навиштаҳое, ки дар нашрияи "Фараж"-у "Самак" ба табъ мерасанд, ҷой дода мешаванд.