Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи интихоботи Белорус ба зудӣ эълон мешавад


Комиссиюни маркази интихоботии Белорус эълом дошт, ки дар наздиктарин фурсат натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумониро эълон мекунад.

Лидия Ермошина, раиси Комиссиюни марказии интихоботи кишвар, изҳор намуд, ки то соати шаши бегаҳи рӯзи якшанбе тақрибан 66 дар сади афроди соҳиби ҳаққи райъ пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.

Ба иттилои хабаргузории “Интерфакс”, баъд аз нашри хабар дар бораи он ки иттилои расмӣ дар бораи ширкати мардум дар интихобот воқеъӣ нест, дастрасӣ ба бархе аз сомонаҳои интернетии мухолифини ҳукумат ғайримумкин шуд.

Бештари аҳзоби мухолиф интихоботи парлумониро таҳрим карданд, зеро ин маърака, аз нигоҳи онҳо, ғайридемократӣ сурат гирифтааст. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, мухолифинро дар тарсугӣ айбдор намуд.
XS
SM
MD
LG