Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷоҳидини халқи Эронро аз "рӯйхат" берун мекашанд


 Ҷамъомади Муҷоҳидини халқи Эрон дар Ироқ
Ҷамъомади Муҷоҳидини халқи Эрон дар Ироқ
Гурӯҳи мухолифи ҳукумати Эрон бо номи Муҷоҳидини халқ аз имкони беруншавии ин гурӯҳ аз рӯйхати амрикоии созмонҳои террористӣ хуш пазироӣ кардааст. Тибқи иттилои расонаҳо котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон тасмим гирифтааст, аз Конгресс даъват кунад, ки гурӯҳи Муҷоҳидини халқи Эронро аз рӯйхати амрикоии созмонҳои террористии хориҷӣ берун кунад.
Департаменти давлатии ИМА тасдиқ кард, ки хонум Клинтон санадҳои махфӣ дар бораи Муҷоҳидини халқи Эронро ба Конгресс фиристодааст. Сухангӯи департаменти давлатӣ Виктория Нуланд ҳамчунон илова кардааст, ки эҳтимол Конгресс то якуми октябр ба ин дархост посух диҳад.
Муҷоҳидини халқи Эрон дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта бо ҳамлаҳояш бар зидди Шоҳи эрон ва сипас бо ҳуҷумҳо бар зидди ҷумҳурии исломӣ ном баровардааст. Дар солҳои юҷанги ироқу Эрон аъзои ин ҷунбиш ҳамроҳ бо нерӯҳои содиқ ба президенти Ироқ Саддом Ҳусайн бар зидди артиши Эрон ҷанг кардаанд. ИМА Муҷоҳидини халқи Эронро соли 1997 ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ шомил кардааст.
XS
SM
MD
LG