Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши Русия аз боқӣ мондани пойгоҳҳои НАТО дар Афғонистон


Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид
Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид

Намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал аз ҳифзи пойгоҳҳои НАТО дар Афғонистон пас аз соли 2014 нигаронӣ кардааст.

Виталий Чуркин, намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал, дар мавриди ҳифзи пойгоҳҳои низомии НАТО пас аз хурӯҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон суолҳоеро матраҳ кардааст.

Ӯ, ки дар иҷлоси Шӯрои амнияти Созмони Милал сӯҳбат мекард, гуфт, идомаи ҳузури нерӯҳои НАТО дар кишварҳои Осиёи Миёна ба тасмими ин шӯро ниёз дорад. Чуркин афзуд, "баёниҳои зиддунақиз дар мавриди ин ки нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014-ум Афғонистонро тарк мекунанд, аммо пойгоҳҳои хориҷӣ дар он кишвар боқӣ хоҳад монд, саволҳоеро ба миён овардааст. Мо дар ин маврид шарҳи комил мехоҳем."

Ба гуфтаи намояндаи доимии Русия дар Созмони Милал, дар сурате ки агар НАТО мегӯяд, амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон дар соли 2014-ум ба поён мерасад, пас, ҳифзи пойгоҳҳо на барои Афғонистон, балки барои вазифаҳои дигар хоҳад буд. "Агар ҷанг бо терроризм бояд идома ёбад, пас, ин маъмурият бо қарори Шӯрои амнияти Созмони Милал тамдид карда шавад",-илова кард ӯ.

Виталий Чуркин ҳамчунон гуфтааст, "қабл аз иҷозаи тамдиди маъмурият дар Афғонистон бояд Эътилофи байналмилалӣ дар мавриди татбиқи қарори қаблӣ ба Шӯрои амният гузориш диҳад. Ба ҳар сурат, ҳузури низомӣ дар Афғонистон набояд бар зидди манофеи ҳамсояҳои он кишвар ва соири кишварҳои минтақа истифода шавад."

Чуркин бо ишора ба вазъияти амниятӣ дар шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ аз таъсири он ба кишварҳои Осиёи Миёна сухан гуфтааст. Вай афзуда, ки Русия бисёр алоқманд аст, ки Афғонистонро як кишвари босуботу демократӣ бубинад.
XS
SM
MD
LG