Субҳи 21-уми сентябр музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия, бо мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русия оғоз шуд. Дар оғози мулоқот ҳайатҳо изҳори омодагӣ карданд, ки доир ба масоили иқтисодӣ, энержӣ ва дигар масъалаҳои муҳими миёни ду кишвар гуфтугӯҳои судмандро идома хоҳанд дод. Игор Шувалов дар ибтидо таъкид бар он кард, ки мулоқоти мазкур заминаи мусбатеро фароҳам хоҳад овард, ки зимни сафари қарибулвуқӯъи Владимир Путин ба Тоҷикистон ва мулоқоташ бо Эмомалии Раҳмон, масъалаҳои ҳаётии миёни ду кишвар ҳалли худро пайдо кунанд. Дар ин мулоқот ҳамчунин Гул Шералӣ, вазири энергетика ва cаноати Тоҷикистон ва Мамадамин Мамадаминов, вазири ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ иштирок доранд. Интизор меравад, зуҳри имрӯз Игор Шувалов бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мулоқоту гуфтугӯ намояд.