Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари афғон волиёни 5 вилоятро барканор кард


 Ҳомиди Карзай
Ҳомиди Карзай
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай дар чорчӯби мубориза бо фасод ва пешбурди ислоҳот волиёни панҷ вилоятро ба истеъфо фиристод. Ҳамин тариқ волиёни вилоятҳои ҷанубии Ҳилманд, Вардак ва Нимрӯз, вилояти Кобул ва вилояти ғарбии Бодғис аз курсиҳояшон маҳрум шуданд. Волиёни чор вилояти дигар: Форёб, Таҳор, Лағмон ва Лугар курсиҳояшонро байниҳамдигар тағйир доданд. Волии вилояти Бағлон Муншӣ Абудлмаҷил мушовири президенти Афғонистон таъйин шуд.
XS
SM
MD
LG