Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати созмонҳои хабарнигорӣ ба Додситонии кул


Созмонҳои журналистии Тоҷикистон ба Додситонии кул дар мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар рӯзи тазоҳуроти осебдидагони сӯхтори бозори «Корвон» дар Душанбе муроҷиат кардаанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи муроҷиат ба додситонӣ омода аст ва бо дарёфти имзои созмонҳои дигари рӯзноманигорӣ ва имзои журналистоне, ки ҳангоми эътирози тоҷирони «Корвон» таъқиб шудаанд, барои баррасӣ ба Додситонӣ пешниҳод карда хоҳад шуд.

Ба қавли ҷаноби Қаршибоев, қабл аз тасмими муроҷиат ба Додситонӣ, дар як нишаст намояндагони созмонҳо ва доираҳои журналистии Тоҷикистон ҷамъ омада ва ба хотири ин ки минбаъд кормандони интизомӣ дар ҳодисаҳои назири сӯхтори «Корвон» ба хабарнигорон маҳдудият эҷод нашавад, ба ҷазо кашида шаванд. Дар рӯзи эътирози тоҷирон ва фурӯшандаҳои бозори «Корвон» дар хиёбони Саъдии Шерозӣ Саймиддин Дӯстов, раиси созмони «ИНДЕМ» ва муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» беш аз се соат аз тарафи кормандони милиса боздошт ва бо журналистони дигар бархӯрди хашин шудааст.

Хабарнигорони Би-би-сӣ низ гуфтанд, ки дар назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бархе аз кормандони амниятӣ ва пулис бо онҳо низ бадрафторӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG