Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Алмосбек Отамбоев мулоқот мекунанд


Қарор аст, имрӯз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар шаҳри Бишкек бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дидору мулоқот кунад. Тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия барои 20 соли дигар ва масъалаи бахшидани қарзи 500 миллион долларии Қирғизистон аз Русия мавзӯъҳои аслии гуфтӯгуи онҳо будааст. Юрий Ушаков, дастёри раиси ҷумҳури Русия гуфт, “масъалаи қарз, ҳамроҳ бо дигар масоили ҳамкориҳои васеъи ду тараф” баррасӣ хоҳад шуд. Ду раиси ҷумҳур ҳамчунин дар бораи бунёди ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар Қирғизистон бо кӯмаки Русия низ сӯҳбат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG