Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши муваффақи мушаки байниқоравӣ дар Ҳиндустон


 Озмоиши мушаки байниқоравии Агни-IV дар Ҳиндустон
Озмоиши мушаки байниқоравии Агни-IV дар Ҳиндустон
Ҳиндустон иброз дошт, ки мушаки байниқоравии Агни-IV-ро озмоиш намудааст. Мушак рӯзи чоршанбе аз ҷазираи Вилер ба соҳили шарқии Ҳиндустон партоб шуд. Ба навиштаи расонаҳои Ҳиндустон мушак имкон дорад бо кулоҳакҳои ҳастаӣ то 3500 километрро тай намояд. Рӯзи душанбе Покистон гузориш дода буд, ки мушаки Ҳатф-VII Бобурро бо муваффақият озмоиш кардааст. Мушаки покистонӣ метавонад бо кулоҳакҳои ҳастаӣ то 700 километр масофаро тай намояд.
XS
SM
MD
LG