Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

USAID баъди 20 сол Русияро тарк мекунад


Оҷонси рушди байналмилалии Амрико ва ё USAID баъди 20 соли фаъолият дар Русия ба кори худ дар ин кишвар хотима медиҳад. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, қарори ҳукумати Русия дар бораи хотимаи фаъолияти USAID ба онҳо расидааст, ки барномаҳо барои рушди иқтисодӣ ва умури идорӣ дар саросари дунё амалӣ мекунад. Виктория Нуланд гуфт, “бо вуҷуди хотимаи фаъолияти USAID дар Русия, Иёлоти Муттаҳида ба аҳдаш барои ҳимоят аз демократия, риояти ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи мадании қавитар дар Русия содиқ мемонад.“ Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико мегӯяд, аз соли 1992 то кунун барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Русия 2 миллиарду 600 миллион доллар сарф кардааст. Дар Русия моҳи июл қонуни баҳсбарангезе қабул шуд, ки барои асоси созмонҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ ва ё созмонҳои ғайриҳукуматие, ки аз хориҷ кӯмак мегиранд, ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном мешаванд.
XS
SM
MD
LG