Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ YouTube-ро "мебандад"


Арабистони Саудӣ ба сафи кишварҳое пайваст, ки бинобар нашри филми зиддисломӣ дар он торнамои YouTube-ро бастанд. Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, мақомоти расмӣ аз ширкати Google молики YouTube хостааст, тамоми наворҳои филмеро пок кунад, ки дар он Ҳазрати Муҳаммадро масхара кардаанд. Посухи Google ҳанӯз маълум нест, вале ин ширкат бинобар тазоҳуроту хунрезӣ дар Либия ва Миср, дастрасӣ ба наворҳои филмро дар он кишварҳо номумкин кард. Гугл наворҳои ин филмро дар Индонезия ва Ҳинд низ пок кардааст.
XS
SM
MD
LG