Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо зидди "Бегуноҳии мусалмонҳо" дар Афғонистон


Дар вилояти Қундузи Афғонистон миёни кормандони полис ва донишҷӯёне, ки акси раисиҷумҳури Амрикоро оташ заданд, бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Садҳо донишҷӯён алайҳи навори филми зиддиисломии “Бугуноҳии мусалмонҳо” эътироз карданд.

Аз ин пеш дар канори фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Кобул як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро мунфаҷир кард. Дар ин ҳодиса 12 нафар, аз ҷумла, ҳафт шаҳрванди хориҷӣ кушта шуданд. Чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилои расмӣ, кушташудагон – халабонҳои як ҳавопаймои хусусӣ буданд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Ҳизби исломӣ” бар дӯш гирифт ва онро интиқом барои филми “Бегуноҳии мусалмонҳо” унвон кард. Рӯзи душанбе садҳо эътирозгарон сӯи пойгоҳи низомии ИМА дар Кобул санг андохтанд.
XS
SM
MD
LG