Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи тавлиди солонаи ангишт иҷро шуд


Вазорати Энергетика ва саноати Тоҷикистон иттилоъ дод, ки нақшаи солонаи истеҳсоли ангиштро, ки ба 220 ҳазор тонна баробар астро иҷро кардааст.

Дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон рузи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки истихроҷи ангишт то ба таърихи ҳамин рӯзи соли равон беш аз 221 ҳазор тонна иҷро карда шудааст. Соли гузашта ин рақам ба 110 ҳазор тон баробар будааст.

Дафтари матбуоти ин ниҳод мегуяд, ки сарфи назар аз иҷрои нақша ҳамчунон истихроҷи ангишт аз тарафи корхонаҳои ангишти Тоҷикистон бо ҳаҷми 5 ҳазор тонна дар шабонрузӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG