Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла болои сафорати ИМА дар Яман


Гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди сафорати ИМА дар Тунис
Гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди сафорати ИМА дар Тунис
Дар ҳоле ки эътирози хушунатбор бар зидди як филм дар кишварҳои исломӣ тавсеа ёфтааст, рӯзи панҷшанбе эътирозгарон болои сафорати Амрико дар пойтахти Яман шаҳри Санъо ҳамла карданд. Гирдомадагон дарвозаи асосии қароргоҳи сафоратро вайрон намуда, дар дохили маҷмаа тирезаҳои бинои сафоратро шикаста, мошинҳоро сангборон карданд. Сипас полис ба ҳаво тир холӣ намуда, бо истифода аз об эътирозгаронро парешон кард. Рӯзи чоршанбе бархӯрди эътирозгарон бо полис дар назди сафоратҳои ИМА дар Тунис ва Судон низ ба қайд гирифта шуд.
XS
SM
MD
LG