Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сохтмони бозори "Корвон" дар Душанбе


Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон", гуфт, субҳи рӯзи 12-уми сентябр бо иштироки 500 коргар ва 80 мошини боркаш сохтмони бозори нав оғоз шудааст.

Масъулони бозор тасмим доранд, 2 ҳазор нуқтаи фурӯши харобшударо бо шакли нав ва ҷавобгӯ ба талаботи зидди сӯхтор бунёд созанд. Нуршед Машрабов мегӯяд, дар ҳудуди бозор 4 ҳавзи калони об низ бунёд шуда, роҳҳои одамгузарро васеътар хоҳанд кард.

Молики бозори "Корвон" афзуд, онҳо 5 сол аз тоҷирон ҳаққи иҷора, истифодаи хизматрасонии бозор ва барқро нахоҳанд гирифт. Интизор меравад, сохтмони бозори "Корвон" як моҳ идома ёбад.
XS
SM
MD
LG