Ширкати "ТопМедиа" дар ҳамдастӣ бо хонаи мӯди "M-STILE" тасмим гирифтаанд, барои корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва хадамоти маишӣ либоси махсус дӯзанд. Беҳрӯз Зеваров, сарвари ширкати "ТопМедиа" ба Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол ширкатҳои «Сомон Эйр» ва «Tcell» соҳиби либоси махсуси худ шудаанд ва дар ҳоли ҳозир боз чанд ширкати бузурги хурди фаъол дар Душанбе хоҳиши соҳиби либоси махсуси худ шуданро доранд.
Ба гуфтаи ӯ, дизайни либосҳоро дизайнери маъруф Мавлуда Ҳамроева, соҳиби хонаи мӯди "M-STILE" омода мекунад ва пас аз ризоияти корхона "ТопМедиа" либоси махсусро дар Туркия омода карда, ба фармоишгарон месупорад.
Ҷорӣ кардани либоси махсус барои корхонаҳои Тоҷикистон таҷрибаи аввалин буда, ба қавли Беҳрӯз Зеваров, аз ин ба баъд фурӯшандагони мағозаву дӯконҳо, нонвойҳо, ошпазҳо, пешхидматҳо, дояҳо, сартарошон, таъмиргарони мошинҳо ҳам соҳиби либоси махсуси корхонаи худ хоҳанд шуд. Дастандаркорони ин тарҳ ба ин боваранд, ки либоси махсус барои корхонаҳои Тоҷикистон симои шаҳрро ҳам дигар хоҳад кард, зеро «ширкатро бо либосаш мешиносанд!»
То ин замон бархе аз ширкатҳои фаъол дар Тоҷикистон либосҳои махсуси худро доштанд, ки аксаран хориҷӣ буданд.