Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 кишвари қудратманд аз ғанисозии урани Эрон нигаронанд


Бино ба гузоришҳои расида, қарор аст 6 кишвари абарқудрати ҷаҳон дар шаҳри Вена дар мулоқоти ҳастаии СММ аз тавсеаи барномаҳои ғанисозии урани Эрон “ҷиддан изҳори нигаронӣ” кунанд.

Бино ба гуфтаи дипломатҳо, Британияву Чин, Фаронсаву Олмон ва Русияву Амрико дар ин бора дар матни муштараке ба тавофуқ расидаанд ва қарор аст ҳамин ҳафта шӯрои мудирони Ожонси Байналмиллалии Энержии ҳастаии вобаста ба СММ онро ба тасвиб расонад.

Вале рӯшан нест, ки ин матни муштарак эъломия аст ва ё қатъномаи ҷиддитар. Дар ин матн ба вижа аз корхонаи зерзаминии ҳастаии Эрон дар Фурдо изҳори нигаронӣ шудааст, зеро Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ мегӯяд, дар се моҳи ахир Эрон тавоноии ин корхонаро се баробар афзоиш додааст.
XS
SM
MD
LG