Вакили мудофеъ Абдуқаюм Юсуфов, ки дар ин мурофиа ширкат дошт, рӯзи сешанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод барои солҳои гуногун, аз 5 то 24 сол бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони «Ансоруллоҳ» аз озодӣ маҳрум карда шуданд.
Аксари ин афрод ҷавононе ҳастанд, ки дар мадрасаҳои Покистон таълим мгирифтаанд, аммо ба қавли вакили мудофеъ, аз тарафи аъзои «Ансоруллоҳ» тайи солҳои мухталиф барои ҳамкорӣ ҷалб шудаанд. Инҳо сокинони Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон ва аз ноҳияиҳои дигари Тоҷикистон мебошанд.
Абдуқаюм Юсуфов меафзояд, ки аксари ин афрод дар Покистон аз тарафи мақомоти амниятии ин кишвар боздошт шуда ба Тоҷикистон таслим карда шудаанд. Яке аз айбдоршавандаҳо Муҳаммадиқбол Қаюмов бо ҷазои пардохти 32 ҳазор сомонӣ аз толори мурофаи озод карда шуд. Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд, ки вақте падари Муҳаммадиқбол огоҳ мешавад, ки писараш дар Покистон аз ҷониби ин созмон ҷалб шудааст, ӯро ба Душанбе бармегардонад ва ба вазорати умури дохила баёнот менависад, ки писарашро аз ин роҳ баргардонидааст ва дигар ба ин роҳ намеравад.
Мувофиқи қавонини Тоҷикистон, дар сурате, ки шаҳрванд огоҳона аз роҳи худ бармегардад ва дуввумбора ба ин роҳ намеравад, афв карда хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба қавли Абдуқаюм Юсуфов, додгоҳ ба Муҳаммадиқбол Қаюмов 800 нишондиҳандаи музди корӣ ё 32 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, шартан озод ва аз толори мурофиа раҳо кард.
Мурофиаи мазкур дар бинои маҳбаси рақами аввали пойтахт таҳти раёсати додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон Алпомиш Акбаров сурат гирифтааст. Муҳокимаи гурӯҳи мазкур аз таърихи 17-уми июни соли равон ба ин тараф идома дошт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ бо судури як қарор “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро як созмони террористӣ донист ва фаъолияташро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон кард. Мақомоти додгоҳ гуфта буданд, ки ин созмон аз “Ал-Қоида” пуштибонӣ мебинад.
“Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар ҳоле мамнӯъ шудааст, ки аъзои он дар таркиши моҳи сентябри соли 2010-ум дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар Хуҷанд муттаҳам дониста мешаванд. Инчунин, мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳангоми хунсо кардани гурӯҳи Мулло Абдулло гуфта буданд, ки аз миёни адабиёт ва варақаҳои динии ин гурӯҳ парчаме бо навиштаи “Ансоруллоҳ”-ро низ пайдо кардаанд. Вале то кунун маълум нест, шумораи аъзои ин гурӯҳ дар чанд аст.