Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ 12 узви созмони террористиро зиндонӣ кард


Додгоҳи Олии Тоҷикистон 12 нафарро бо гуноҳи ҳамкорӣ ва ё узвият дар созмони Ҷамоати Ансоруллоҳ як созмони тундгарои исломӣ ва террористӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард. Абдуқаюм Юсуфов, вакили дифоъи яке аз муттаҳамон, ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳ 12 нафар аз ин гурӯҳро аз 5 то ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Ду нафар, ки аз ҷумла ба пинҳон доштани ҷиноят гунаҳкор дониста шудаанд, дар ивази ҷарима раҳо шуданд ва як нафар низ ба 2 соли шартии зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи муфаттишон, баъзе аз ин афрод, ки дар пойгоҳҳои Ал-Қоида дар Покистон омӯзиш дида ва барои ҷиҳод ба кишвар баргаштаанд. Аъзои ин гурӯҳ дар чанд навори видеоӣ, мардуми Тоҷикистонро ба ҷиҳод даъват карда буданд. Баъзе аз ин афродро дар Покистон боздошт карда ва ба Тоҷикистон супурдаанд ва баъзеро дар дохили худи Тоҷикистон дастгир кардаанд. Фаъолияти "Ҷамоати Ансоруллоҳ" дар Тоҷикистон мамнӯъ аст.
XS
SM
MD
LG