Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ал-Қоида қатли муовинашро таъйид кард


Айман Завоҳирӣ, раҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида марги муовинаш Абуяҳё ал-Либи таъйид кард. Бино ба гузоришҳо, ӯ дар як навори видеоӣ гуфтааст, Ал-Либи дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар вилояти қабоилинишини Вазиристони Покистон кушта шудааст. Ҳукумати Амрико мегӯяд, Абуяҳё Либи, “масъули умури” Ал-Қоида будааст. Нерӯҳои Амрико дар ҷанг бо Ал-Қоида даҳҳо нафар аз фармондеҳои ин шабакаро нобуд кардаанд, аз ҷумла раҳбари пешини он Усома Бен Лоданро, ки соли гузашта дар Покистон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG