Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷори мошине дар Ҳалаб 17 нафар кушта шуданд


Дар натиҷаи як мошини бамгузоришуда дар Ҳалаб-бузургтарин шаҳри Сурия 17 нафар кушта, бештар аз 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Телевизиони давлатӣ саҳнаҳоеро аз маҳали воқеа нишон дод, ки мошинҳои оташнишон талош доранд оташро хомӯш кунанд ва кормандони отшанишонӣ сайъ мекарданд аз вайронаҳо одамонро берун кашанд.

То ҳол гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Вале хабаргузории расмии Сурия бо номи SANA террористҳоро барои ин ҳамла муттаҳам кард. Хабаргузориҳои расмии Сурия маъмулан калимаи “террорист”-ро барои шӯришиён истифода мекунанд.
XS
SM
MD
LG