Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бисёре аз таърихи асри 21-ро Осиё хоҳад навишт"


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Раиси ҷумҳури Русия гуфт, яке аз роҳҳои муҳими эҳёи иқтисоди шиканандаи ҷаҳонӣ, густариши муомилоти тиҷоратӣ аст.

Владимир Путин ҳамчунин гуфт, яке аз вазифаҳои муҳими дигар барои суръат бахшидан ба рушди иқтисодӣ, рафъи монеаҳои сунъӣ аз роҳи тиҷорат аст:

“Бо рафъи монеаҳо мо ба рушди муназзами тамоми Осиёву Уқёнусия ва тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат мекунем. Муҳим аст, мо байни ҳам пул бунёд кунем, на ин ки девор бисозем. Муҳим аст, то ҳамоиши манотиқи васеъи тиҷоратӣ идома кунад ва муколама миёни иттиҳодияҳои минтақавӣ бештар шавад.”

Владимир Путин дар ин бора дар нишасти дурӯзаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёву Уқёнусия сӯҳбат мекард, ки рӯзҳои 7-8-уми сентябр дар шаҳри Владивосток баргузор шуд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико дар ин нишаст гуфт, баъди солҳо акнун сармоягузорӣ ба минтақаи Уқёнусияро бештар кардааст: “Баъди муддати дароз, ки Амрико аҳамияти бештар ба манобеъ ва низоъҳо дар дигар ҷойҳо медод, ҳоло мо ба ҳадди чашмгире сармоягузорӣ дар Осиёву Уқёнусияро афзоиш медиҳем. “

Ҳилларӣ Клинтон афзуд, ба эътиқоди Амрико, “бисёре аз таърихи қарни 21-ро Осиё хоҳад навишт,” ки дар як даҳаи гузашта иқтисодҳои қавии дар ҳоли рушди
ҷаҳон аз он баромадаанд.

Ҳу Ҷинтао, раиси ҷумҳури Чин, ки кишвараш яке аз ин иқтисодҳост, рӯзи шанбе дар ҳамин нишаст ваъда дод, ки рушди муназзами иқтисоди Чинро нигаҳ хоҳад дошт. Ҳоло бими он вуҷуд дорад, ки кунд шудани рушди иқтисоди Чин, эҳёи сусти иқтисоди ҷаҳониро сусттар хоҳад. Ҳу Ҷинтао гуфт, ки Чин ҳамчунон ба сиёсати фаъоли моливу арзии худ идома дода медиҳад, нишондодҳо ва суботи макроиқтисодиашро нигаҳ медорад.

Тиҷорат дар миёни 21 узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии Осиёву Уқёнусия соли гузашта башиддат коҳиш ёфта ва агар дар моҳи декбари соли 12 дарсадро ташкил медод, дар моҳи май ба камтар аз 5 дарсад расид.Тақрибан нисфи фаъолиятҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон дар кишварҳои хурду бузург ва сарватманду нодори узви ин созмон сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG