Як духтари насронии 14-соларо, ки дар Покистон бо иттиҳоми беҳурматӣ ба китоби Қуръон боздошт шуда буд, рӯзи шанбе дар ивази васиқа озод карданд. Римша Масеҳро се ҳафта пеш дар рӯзи 16 август боздошт карданд, зеро як муллои маҳалл гуфтааст, ин духтар варақҳои китоби Қуръонро ба оташ андохт, ки ҷазои ин кор дар Покистон ҳукми қатл ва ё ҳабси абад аст. Аммо баъдан худи мулло боздошт шуд, зеро мегӯянд, ки ҳамин мулло варақҳои сӯхтаи китоби Қуръонро дар сумкаи духтар гузоштааст. Барои Римша Масеҳ васиқаи 10 500 долларӣ гузошта буданд ва ӯро рӯзи шанбе ба маҳалли амне ба назди хонаводааш бурдаанд.