Саҳнасозии рӯзи 5-уми сентябр бо Владимир Путин, ба хотири нишон додани ӯ ба ҳайси як фарди ҷасур ва ҳам ғамхори ҷонварони дар ҳоли нобудӣ буд.
Телевизионҳои Русия намоиш доданд, ки чӣ гуна раиси ҷумҳур бо парвоз дар делтаплан, се турнаи сибириро ба парвоз ҳидоят мекунад. Аммо саҳнаи ахир ба таври барҷаста нишон дод, ки чӣ гуна ҷонварон дар ин саҳнасозиҳо осеб дидаанд.
Турнаҳое, ки гӯё Владимир Путин онҳоро ба Осиёи Марказӣ, маҳалли зимистонгузаронии онҳо ҳидоят кард, дар мамнӯъгоҳ зери назорат бузург шудаанд, зеро дар табиат аз навъи онҳо зиёд нест. Вале бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни саҳнасозиҳо барои Владимир Путин ду турна ҳалок шуда ва чандин чӯҷаи дигар ҳам захмӣ шудаанд. Як биологи ҷавон, ки дар ҳамон мамнӯъгоҳ дар 200 километрии ҷанубушарқи Маскав кор мекардааст, дар шабакаи иҷтимоии В Контакте ифшо кард, ки як турна ҳангоми тамрин ба муҳаррики делтаплан печида мурдааст.
Мария Гончарова дар ин шабака навишт, ки баъзе аз чӯҷаҳои турна ҳангоми интиқол ба нимҷазираи Ямал маҳалли намоишкории “қаҳрамонии Путин” башиддат маҷрӯҳ шудаанд. “Минқори яке аз онҳо ва чанголи дигаре дар тӯр печида шикаст. Як турнаи дигар ҳангоми бурдан мурд ва бадани чанд чӯҷаи дигар дарид. Ва ҳамаи ин танҳо ба хотири як бор парвоз бо Пу... буд“ навиштааст Мария Гончарова. Аммо ин биологи ҷавон чанд соат баъд навиштаи худро пок кардааст.
Агар навиштаи ӯ воқеъият дошта бошад, пас талошҳои табиатшиносони рус барои ҳифзи ин турнаҳои сибирии нодир, ки дар табиат фақат 20 дона мондаанд, зарбаи сахтест. Владимир Путинро дар гузашта бо чунин саҳнасозиҳо борҳо ғамхори ҷонварони ваҳшӣ нишон додаанд. Аз ҷумла ҳангоми камон задан ба бадани наҳанг, ки бояд олимон онро меомӯхтанд. Дигар дафъа ҳангоми ҳалқа андохтан ба хирси сафед ва шир додан ба бачаи гавазн. Аммо баъзе аз ин талошҳои ӯ натиҷаи баръакс додааст ва сару садо дар мавриди бераҳмӣ нисбат ба ҳайвонотро барангехтааст. Соли 2008 нишон доданд, ки чӣ гуна Владимир Путин бо туфанги махсус бабри сибириро беҳуш кард, то дар гарданаш ҳалқаи радёбӣ андозанд.
Агарчӣ ин бабрро чандин дафъа дар телевизион намоиш доданд, аммо ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот мегӯянд, бабре, ки Путин ӯро беҳуш кард, мурдааст, зеро бо хости муҳофизони раиси ҷумҳур доруи хобро беш аз ҳад ба бабр додаанд ва бабре ки нишон медиҳанд, дигар аст. Ба гуфтаи фаъолони ҳифзи муҳити зист, ин бабрро аз боғи ҳайвонот гирифта будаанд.
Бори дигар соли гузашта нишон доданд, ки чӣ гуна Владимир Путин зимни сафар ба Сибир як леопарди барфиро дошт. Ба гуфтаи мақомот ин леопардро аз дасти қочоқбарон раҳо карда будаанд, вале Созмони Табиати Ваҳшӣ мегӯяд, ки бабри мазкурро аз мамнӯъгоҳе гирифта ва то омадани ӯ як ҳафта 160 километр дуртар аз маҳалли зисташ нигаҳ доштаанд. Ба гуфтаи созмон, леопарди бечора зимни ба дом афтодан, ҷароҳат ҳам бардоштааст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия баъди нишон додани парвоз ба турнаҳои сибирӣ гуфт, ки талошҳояш барои ҳифзи ҷонварони дар ҳоли нобудӣ, идома хоҳад кард. Ӯ афзуд, бояд бо мутаххасисон сӯҳбат кунем, “зеро ин кор набояд фақат барои хушҳолӣ, балки муфид ҳам бошад.”