Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон 14 июни соли 2013 рӯзи интихобот эълон шуд


IRNA-хабаргузории расмии Эрон иттилоъ додааст, ки 14 июни соли 2013 рӯзи интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии ин кишвар эълон шудааст. Дар Эрон интихоботро вазорати дохила эълон мекунад.

Бино ба ин хабар, бори аввал як ҷо бо интихоботи расёати ҷумҳурӣ интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ низ баргузор хоҳад шуд. Бар асоси қонун Маҳмуд Аҳмадинежод дигар наметавонад худро номзад пешбарӣ кунад. Вале пешгӯӣ мешавад, ки дар интихобот ҷонибдорони Аҳмадинежод ва ҷиноҳи муҳофизакор бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG