Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бил Клинтон Барак Обамаро номзад эълон кард


Бил Клинтон ва Барак Обама
Бил Клинтон ва Барак Обама
Дар рӯзи дуюми Анҷумани ҳизби демократи ИМА дар шаҳри Шарлоттаи аёлати Каролинаи Шимолӣ собиқ президенти ин кишвар Бил Клинтон президенти кунунии ИМА Барак Обамаро расман номзади ин ҳизб дар интихоботи президентии 6-уми ноябр эълон кард. Бар пояи назархоҳиҳо Обама нисбат ба номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ, собиқ волии аёлати Массачуссетс, Мит Ромнӣ пуштибонии бештар дорад. Пешбинӣ мешуд, ки рӯзи панҷшанбе президент Обама дар як варзишгоҳи боз номзадии ҳизби демократро қабул кунад, вале ҳавои бад боис шуд, ки суханронии Обамаро ба толори хурдтаре интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG