Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави КБСС бо Башор Асад мулоқот мекунад


Петер Моурер
Петер Моурер
Петер Моурер-раиси нави Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх ба нақша гирифтааст, ки имрӯз дар Сурия бо Башор Асад-раиси ҷумҳур ва мақомоти баландпояи Сурия мулоқот анҷом диҳад ва талош варзад, то расонидани кӯмак ба шаҳрвандон беҳтар шавад.

Ин музокирот дар ҳоле анҷом мегирад, ки ба гуфтаи фаъолони мухолифони Сурия, ҳавопаймоҳои ҷангии ҳукуматӣ рӯзи душанбе дар шаҳраки зери назорати шӯришиён биноеро бомборон карданд ва дар он 20 нафар кушта шудаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, дар миёни кушташудагон дар шаҳраки Боб чанд нафар кӯдакону занон низ будаанд.
XS
SM
MD
LG