Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нави Қирғизистон ташкил мешавад


Се ҳизби сиёсии Қирғизистон тавофуқнома дар мавриди таъсиси ҳукумати эътилофиро имзо карданд. Вакилони Ҳизби Сотсиал-Демократ, Ору Номус ва Отамакон, ки аз ҳисоби 120 курсӣ, 69 курсиро дар даст доранд, тавофуқномаро рӯзи душанбе имзо карданд. Ҳар се ҳизб хостанд, то Ҷанторо Сотиболдиев, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, ба мақоми нахуствазир пешниҳод шавад. Ҳукумати эътилофии Қирғизистон моҳи гузашта баъди аз он хориҷ шудани ҳизби Ору Номус ва Отамакон, ки бо нахуствазири феълӣ Омурбек Бабанов ихтилофи назар доштанд, аз ҳам пошид.
XS
SM
MD
LG