Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Э. Раҳмон аз Ҳиндустон идома дорад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Ҳиндустон гуфт, кишвараш умедвор аст, ки Ҳиндустон дар таҳкими зербано дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Дар мулоқоташ бо Ванҷӯ-раҳбари аёлати Гоаи Ҳиндустон оқои Раҳмон хостори ҳамкориҳо дар бахшҳои беҳдошту ҷаҳонгардӣ, илм ва кишоварзиву маодан шуд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки миёни Тоҷикистон ва аёлати Гоа хати мустақими парвоз ташкил шавад, то сайёҳони ҳар ду кишвар тавонанд аз кишварҳои якдигар боздид кунанд.

Боздиди оқои Раҳмон аз Ҳиндустон 1 сентябр оғоз шуд ва чаҳор рӯз давом мекунад.
XS
SM
MD
LG