Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози ҷашнвораи филми Бӣ-бӣ-сӣ дар Тоҷикистон


Пас аз зӯҳри рӯзи ҷумъа дар бинои Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ҷашнвораи филмҳои мустанади сохтаи Бӣ-бӣ-сӣ оғоз гардид.

Ин иқдом ба муносибати 20-солагии фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон сурат мегирад ва қарор аст то 2-юми сентябр идома пайдо кунад.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ ҷашнвораро ифтитоҳ карда ва онро “барои эҷоди иртибот бо бинандагон ва шунавандагон, шунидани назароти онон ва дарки ин нукта, ки мо чигуна метавонем барои мухотабони худ дар Тоҷикистон беҳтар хидмат кунем» муҳим талаққӣ кард.

Дар нахустин рӯзи шурӯи ин ҷашнвора ду филми мустанад, “Фарзандони Ленин" (дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон баъд аз 20 соли истиқлол), “Умари Хайём: сафаре ба Эрон барои кашфи дубораи шоири порсигӯ” ба намоиш гузошта шуд.

Муддати ду рӯзи баъдӣ дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора филмҳои “Ҷони Дилафрӯз” (дар бораи донишманди маъруф, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ), “Духтарони писарпӯш: дар бораи нақши занон дар Афғонистон” ва “Ислом дар Омрико”, дар бораи ин ки зиндагии мусалмонони амрикоӣ пас аз ҳамалоти 11 сентябр чигуна иваз шуд, намоиш дода мешавад.

Бархе аз ин филмҳо дар шаҳри Хуҷанд низ ба намоиш гузошта шуданд. Аммо маросими хотимавии ҷашнвораи филмҳои мустанади сохтаи Би-би-сӣ шоми рӯзи якшанбе бо баргузории консерти Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик баргузор хоҳад шуд.

Зимнан, ширкати садову симои бритониёии Би-би-сӣ аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва хабарнигорони он ба забонҳои форсӣ, инглисӣ, узбакӣ ва русӣ барои радио, телевизион ва сафаҳоти интернетии Би-би-сӣ гузоришҳо медиҳанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG