Мансабдорони ҷумҳурии Доғистони Русия мегӯянд, ҳамсари як ҷангҷӯй масъули бомбгузории рӯзи сешанбе аст, ки ҳаёти пири тасаввуф Саид Афандӣ Атсаев ва шаш нафари дигар-аз ҷумла як навраси 12-соларо аз байн бурдааст. Ба ақидаи муфаттишон ин зан Аминат Саприкина буд, ки рӯзи сешанбе бо ҳадафи бомбгузории интиҳорӣ аз хонаи Атсаеви 74-сола зиёрат кард. Дар Доғистон мусулмонон тақсим шудаанд, қисме аз мазҳаби сунниву суфиёни маҳаллӣ пайравӣ мекунанду қисме пайрави салафиёнанду аз равияи ифротии ваҳҳобӣ пуштибонӣ мекунанд. Ба қавли мақомот куштори Атсаев бо фаъолиятҳои динии ӯ иртибот доштааст.