Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи нишасти намояндагони 120 кишвар дар Эрон


Дар шаҳри Теҳрон имрӯз нишасти кишварҳои ғайримуттааҳид идома мекунад, ки Тоҷикистон низ яке аз онҳост. Дар рӯзи аввали нишаст, рӯзи якшанбе, Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон аз намояндагони 120 кишвари узв хост, муколама миёни таммадунҳоро ривоҷ дода ва ба гуфтаи ӯ “аз сиёсатҳои худхоҳонаи мудохила” ҳушёр бошанд. Ӯ ҳамчунин аз кишварҳои дар ҳоли рушд, хост “ба таҳримҳои якҷонбаи кишварҳои муайян алайҳи кишварҳои ғайримуттааҳид” муқовимат кунанд. Қарор аст, Эрон дар ин нишасти сарони кишварҳои ғайримуттаҳид як барномаи сулҳ барои Сурия пешниҳод намояд. Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, низ дар ин нишаст ҳузур дорад.
XS
SM
MD
LG