Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаки Амрико аз имкони истеъфои Башор Асад


Виктория Нуланд
Виктория Нуланд
Амрико амиқан изҳори шак кардааст, ки режими Сурия ба баррасии пешниҳод дар бораи хуруҷи Башор Асад омодагӣ бигирад.

Қадрӣ Ҷамил-муовини нахуствазири Сурия зимни суханони худ баъд аз мулоқотҳои Маскав пешниҳод кард, ки Башор Асад метавонад чун бахше аз натиҷаҳои музокирот аз мақом канор равад.

Вале вай таъкид кард, ки истеъфои раиси ҷумҳур наметавонад шарти музокирот бошад. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар Вошингтон гуфт, “мо дар ин пешниҳод дақиқан чизи наве мушоҳида намекунем”.
XS
SM
MD
LG