Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво нисбат ба дирӯз гармтар хоҳад буд


Тибқи маълумоти ҳавошиносон, имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво нисбат ба дирӯз гармтар хоҳад буд. Дар Душанбеву Хуҷанд ҳаво 38 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи Кӯлоб ҳарорат ба 40 дараҷа мерасад.

Водии Вахш гармтарин минтақаи Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ҳарорат дар он ҷо ба 42 дараҷаи болои сифр мерасад, ки нисбат ба дирӯз 2 дараҷа гармтар аст.

Дар Хоруғ ҳаво рӯзона то 28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG