Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 30 август то 2 сентябр дар Душанбе ба ифтихори 20-солагии фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон филмҳои мустанади сохтаи Би-би-сӣ намоиш дода мешаванд.

Сервиси Ҷаҳонии Би-би-сӣ дар поёни моҳи август дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи филме барои муаррифии фаъолиятҳои худ ва таҷлил аз 20 соли гузоришгарии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон баргузор мекунад. Ин ҷашнвора дар Хонаи Синамои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 30-юми август то 2-юми сентябр бо мизбонии Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ, доир мешавад. Ин барнома шомили панҷ филми мустанад ба забони форсӣ аст, ки бахши форсии Би-би-сӣ таҳия кардааст.

Тибқи иттилои Би-би-сӣ, дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора филмҳои “Фарзандони Ленин" (дар бораи зиндагӣ дар Тоҷикистон баъд аз 20 соли истиқлол), “Ҷони Дилафрӯз” (дар бораи донишманди маъруф, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ), “Умари Хайём: сафаре ба Эрон барои кашфи дубораи шоири порсигӯ”, “Духтарони писарпӯш: дар бораи нақши занон дар Афғонистон” ва “Ислом дар Омрико”, дар бораи ин ки зиндагии мусалмонони амрикоӣ пас аз ҳамалоти 11 сентябр чигуна иваз шуд намоиш дода мешавад.


Бархе аз ин филмҳо дар шаҳри Хуҷанд низ ба намоиш хоҳанд даромад, мегӯянд масъулин.

Содиқи Сабо, раиси бахши форсии Би-би-сӣ гуфтаст, ки дарҳои ҷашнвораи филми Би-би-сӣ барои ҳама боз аст ва изҳори умедворӣ кардааст, ки ин иқдом “барои эҷоди иртибот бо бинандагон ва шунавандагон, шунидани назароти онон ва дарки ин нукта ки мо чигуна метавонем барои мухотабони худ дар Тоҷикистон беҳтар хидмат кунем, заминаи мусоиде фароҳам месозад”.


Ширкати садову симои бритониёии Би-би-сӣ аз соли 1992 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва хабарнигорони он ба забонҳои форсӣ, инглисӣ, узбакӣ ва русӣ барои радио, телевизион ва сафаҳоти интернетии Би-би-сӣ гузоришҳо медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG