Дар ноҳияи атрофии Маскав ҷасади навраси тоҷикеро падо карданд, ки ба дор овехта шуда буд.
Дар ин бора сомонаи «Интефакс» аз қавли манобеъи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дод. Тавре гуфта мешавад, дар яке аз манзилҳои ноҳияи «Бархатная роша», ҷасади хонандаи синфи 9-уми тоҷикистониро дар ҳамоми яке аз манзилҳои хусусӣ, пайдо кардаанд.
Маълум шудааст, ки ин наврас бо модараш тайи ду соли ахир дар ин минтақа зиндагӣ мекардааст ва сабти доимӣ надоштаанд.
Полиси Маскав ҳодисаи ба ҳалокат расидани ин наврасро таҳқиқ мекунад.