Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Башшор Асад ба Урдӯн гурехтааст?


Бино ба гузориши расонаҳои арабӣ, Форуқ ал-Шаръ, муовини раиси ҷумҳури Сурия, аз ҳукумат бурида, ба мухолифон пайваста ва ба Ӯрдун фирор кардааст. Телевизиони Ал-Арабияи Арабистони Саудӣ, аз қавли як фаъоли Артиши Озоди Сурия гуфт, ал-Шаръ 10 рӯз пеш нопадид шудааст ва бовар меравад, ҳоло дар Уммон пойтахти Ӯрдун бошад. Пештар аз ин чанд нафари баланпдояи дигари ҳукумат, аз ҷумла нахуствазири Сурия ба сафи мухолифони раиси ҷумҳур Башшор Асад пайвастанд. Форуқ ал-Шаръи 74-сола аз соли 2006 инҷониб муовини Башшор Асад буд. Аз ҳукумати Сурия ҷудо шудани аъзои баландпояи онро як чархише дар муноқишаи 17-моҳа миёни Башшор Асад ва мухолифонаш хондаанд, ки барои ӯ барканор кардани ин раиси ҷумҳури деринаи Сурия мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG