Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ортодокси Рус ва Католикҳои Полша санади оштӣ имзо карданд


Маросими имзои санад дар Варшава
Маросими имзои санад дар Варшава
Калисои Ортодокси Рус ва калисои Романҳои Католики Полша рӯзи ҷумъа дар Варашава дар санаде имзо гузоштанд, ки он русҳо ва полякҳоро ба оштӣ даъват мекунад. Дар он гуфта мешавад, ки ин ду мардум бояд сафҳаҳои тираи таърихи муносиботи худро фаромӯш кунанд.

Дар ин санад патриарх Кирилл-раҳбари калисои Ортодокс ва усқуфи аъзам Йозеф Михалик-раҳбари конфронси усқуфҳои Полша имзо гузоштанд. Маросими имзо дар калисои салтанатии Варшава баргузор шуд.

Рӯзи панҷшанбе патриарх Кирилл дар Варшава бо раҳбарони калисои католикҳо ва бо Бронислав Коморовский мулоқот ва масъалаҳои мусолиҳаро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG