Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 28 нафар дар таркишҳо дар Нимрӯз


Теъдоди қурбониёни таркишҳое, ки се маргталаб дар виляоти Нимрӯз, воқеъ дар ҷанубу ғарби Афғонистон анҷом доданд, то 28 нафар афзоиш ёфт. Беш аз 70 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, маргталабҳо худро дар бозори шаҳри Заранҷ таркониданд. Миёни қурбониёни таркишҳо занону кӯдакон ва дасти кам се корманди полис ҳам ҳастанд. Ҳадс зада мешавад, ки шояд теъдоди қурбониён боз ҳам афзоиш ёбад. Мақомоти шаҳр гуфтанд, ки дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса ягон бинои ҳукуматӣ мавҷуд нест.

Ҳамлаи имрӯз – бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар вилояти Нимрӯз аз шурӯи амалиёти зиддитерроритӣ дар Афғонистон дар соли 2001-ум аст.
XS
SM
MD
LG