Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркия як вакили курдро рабудаанд


Нирӯҳои Туркия ба ҷустуҷӯи як вакили курди дар ҷанубушарқи кишвар рабудашуда пардохтаанд. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, Ҳусейн Ойгун аз ҳизби мухолифи ҷумҳурихоҳи мардумӣ дар як посгоҳи байни Овачику Тунчелӣ аз сӯи ҳизби коргарии Курдистон рабуда шудааст. Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш давлати Туркия аз кушта шудани дастикам 115 чирикӣ дар Семдинлӣ хабар дода буд. Ҳафтаи пеш дар як қисмати дигари ин минтақаи умдатан курднишин се сарбоз низ рабуда шуд. Ҳизби коргарии Курдистон аз соли 1984 муборизаи мусаллаҳона мебарад, ки дар ин муддат ҳудуди 45000 кушта ба ҷо гузоштааст.
XS
SM
MD
LG